Хотири мо ба ту сад ҷо бандаст
Он дили тест ки бе пайвандаст
Гиреҳ аз зулфи ту кас накушояд
Гарчи ин уқда ба мӯе бандаст
Саргаронии сари зулф ту чист ?
Чун ба буии дил мо хурсандаст
Дарди ёқӯб ба дардам нарасад
Ғами дилбар , на ғам фарзандаст
эй ки гуфтӣ дил файёз куҷост ?
Дар сари зулф касе дар банд аст