То ба рӯй ту дар ғамкада ман бозаст

Ба тамошои ту то дида равзан бозаст

Дару девори чаман бар рух ман ме хандад

Ман ба ин хуш ки ба рӯем дар гулшан бозаст

Баста шуд бе ту ба ҳасрати ҳамагии роҳи ҳавос

Ҷузи раҳи гӯш ки бар нағма шеван бозаст

Бе ту ҳар чиз ки дар дил гузарад ҷон газадам

Чорҷонб дар ин хона ба душман бозаст

Пои макаш аз дами шамшери шаҳодати файёз

Ки ба иқлӣми фанои ин раҳ равшан бозаст