Неи ҳамин нози ту танҳо баҳри қатли мо бас аст

Як нигаҳ аз гӯшаи чашми ту оламро бас аст

Дидаам дар гиряи ғами кӣса холӣ карда буд

Он қадри хӯн дар дилам кардӣ ки муддатҳо бас аст

Мо дили худро ба буии зулф дилбар дода ем

Гар ҷунун мардаст , оламро ҳамин савдо бас аст

Фитнаи баҳри кӯҳкан аз санг пайдо ме шавад

Рашки ширини баъдазин бар сӯрати хоро бас аст

Ҳоҷати олоиши домони чандин ғамза нест

Як тағофули куштани файёзро танҳо бас аст