Ишқ майдонӣаст конҷои ғайри мардӣ кор нест
Чашм бар кирдор бошад гӯш бар гуфтор нест
То шудам ошиқ надидам як нафаси осӯдагӣ
Офтоби ошиқонро соя девор нест
Бахт бебокона ҳар сар май хиромад бе ниқоб
Хотираш ҷамъаст касро дида бедор нест
Ишқ ӯ оҳиста мегуяд ба овози баланд
Ҳар ки корӣ дорад ӯро бо ғами мо кор нест
Биқроронро ба пои заъф монанди ғубор
Бар ҳаво рафтор ҳаст ва бар замин рафтор нест
Чун сбкрўҳӣ далелӣ нест ишқи пок ро
Кӯҳ агар ошиқ шавад бар хотири кас бор нест
Дар диёри ишқ агар имрӯз меҷунбад сиррӣ
Шӯри мансӯрӣ чаро дар пои тахт дор нест !
Серумаи бегонагӣ аз дида то шастам ба хӯн
Ҳар куҷо дидам ба ғайр аз ҷилва дилдор нест
Як қадам то барнагардӣ сайр натавоняш дид
Зонка ҷузи наздикии ӣнҷои монеъ дидор нест
Мардумон дар хоби осоиши зи ғифлат рафта анд
Гар масеҳо дард нашносад касе бемор нест
Аз ман эй файёз агар Мансурро дидӣ бигӯ
Акс бар ойӣна афтодаст ранг ёр нест