Зулфи соқӣ аз кафу домони ёр аз даст рафт
Чораи созони чораи корӣ ки кор аз даст рафт
На гулӣ дар гулистони боқӣ на баррагӣ дар чаман
Булбулони шурӣ ки домони баҳор аз даст рафт
Бе ту мо будему чашмӣ дар раҳи умеду бас
Онҳам аз тороҷи дарди интизор аз даст рафт
Умр бигузашт ва нашуд оҳӯии матлаби ром , ҳайф
Аз давидани бозмондиму шикор аз даст рафт
Дайр афтодӣ ба фикри хеши файёз аз ғурур
Ин замони фурсати гузашту рӯзгор аз даст рафт
Зулф бинмудӣу қадари турра шамшод рафт
Ҷилва кардӣ эътибори сарви ҳам бар бод рафт
Бози чашм мастат омад бар сари тамҳиди ноз
Тири мижгони ту дигар бар сар бедод рафт
Қисми мо зин на чамани бори таъаллуқ буду бас
Сарвро нозам ки озод омад ва озод рафт
Барги нокомии ҷазои ранҷи роҳ ошиқ аст
Музди дасти хештан буд ончӣ бар Фарҳод рафт
Гирдбоди ҳам охири чархро аз по фиканд
Оқибати хокистари афлоки ҳам бар бод рафт
На ғам бегонагон дорам на фикри дӯстон
То ба ёдам омадӣ , олами маро аз ёд рафт
Доштӣ азми Наҷафи файёз чун монадӣ ки дӯш
Сайли ашки ман ба тўФи диҷла Бағдод рафт