Навбаҳори ман ки ҳар хори маро гул кард ва рафт

Нолаамро дар фироқи хеш булбул кард ва рафт

Боди гулзори ҷамолаши эмин аз хошоки нақс

Онкӣ ҳар хошоки моро даста гул кард ва рафт

Фикрҳо дорад барои ман баҳри ҳасании баҳор

То напиндорӣ ки дар корам тағофул кард ва рафт

Гар парешонаст ҳарфам дар ғам ӯ , давр нест

Ҳар нафасро бар лаби ман шох сунбул кард ва рафт

Осмонгар бо самандаши брнёид давр нест

Офтоб аз табли боз ӯ таназзул кард ва рафт

Ҳар сари хории дарин водии баҳор хуррамӣ аст

Абри эҳсонаши аҷаби арз таҷаммул кард ва рафт

Ҳалқаи фитроки камтар аз шиканҷ турра нест

наме тавон онҷои хаёли чин кокул кард ва рафт

Лиззати дигар буд дар изтироб диданаш

Ҷилвааш оромро маҳв тазалзул кард ва рафт

Ман куҷоу сабру тоқати ин қадарҳо дар фироқ

Барги коҳамро ғамаши кӯҳ таҳаммул кард ва рафт

Мустатиъи каъбаи ихлоси гаштан мушкил аст

Дили дарин раҳи такя бар зод таваккул кард ва рафт

Ҳиммати озодагони сайди каманд ва дом нест

Мушкиласт ин роҳ , май бояд таҳаммул кард ва рафт

Суҳбати наввоби хони файёзи сайёдӣ хуш аст

Дар чунин домии тавон тарк таъаққул кард ва рафт