Сар рафту доғи ишқ батон аз серум нарафт
Тани хоки гашту халъати ғам аз барам нарафт
Аз доғи дили сиёҳии деринаи брнхост
Ин тирагии зи носиаҳ ахтарам нарафт
Чун теғ кор карда ки уфтад зи обу тоб
Обам тамом рафт вале ҷавҳарам нарафт
Дар мавҷи хези лаҷаи ишқи ту борҳо
Киштии дил шикаста шуд ва лангарам нарафт
Сад бори сӯхти оташи ишқам ба имтиҳон
Ёқӯти вори оби ту аз гавҳарам нарафт
Худро басӣ ба сайқал равшангарон задам
Гирди малол аз оина манзарам нарафт
Файёз кам айёрии нақд вафо бибин
Гаштам ба даҳри дасти бадаст ва зарам нарафт