Шикастани ранг аз ҷонам баровард
Ҷигар аз зер дандонам баровард
Чаҳ ҳасрат буд ёрб инки имшаб
Дамори нола аз ҷонам баровард
Ғамаш кардам ниҳон ногоҳ тоқат
Сар аз чок гиребонам баровард
зи як бе тоқатии оҳи сияҳи рӯ
зи дили сад роз пинҳонам баровард
Хиради бардошти занҷирами зи гардан
Ҷунуни гирд биёбонам баровард
Мапурс аз нолаҳои бе тараннум
Хамӯшӣ шӯр аз афғонам баровард
Ба меҳри худ кунун умедворам
Ки ранги куфр аз имонам баровард
Бибин файёзи сабр бе мурувват
Ба душворӣ чаҳ осонам баровард !