Гуфтугӯии чашми ҷодуии маро девона кард
Ҳамзабониҳои абрӯеи маро девона кард
Гесуии занҷир , оқил мекунад девона ро
Ҳалқаи занҷири гесуеи маро девона кард
Ром бо девона мешуд пеши азин оҳӯ вале
Роми намӯданҳои оҳӯеи маро девона кард
Кош аз як тори мӯи тадбир занҷирам кунад
Онкӣ аз ҳар як сари мӯеи маро девона кард
Ман куҷоу тоқати инҳоиҳои гиря ҳо
Ваа ки аз бе тоқатии ҳўиии маро девона кард
Бо гули васл батон чашм ошноён дигаранд
Зин май ҳуши озмои бӯеи маро девона кард
Бе кашиши кӯшиши тариқи раҳравон каъба нест
Андарин водии такопуеи маро девона кард
Бесутун ишқ кандан пеша ӣ ҳар теша нест
Имтиҳони дасту бозуеи маро девона кард
Кӯ ба кӯи файёзи гаштам гарчи пари ҳамроҳи ақл
Ишқи охир дар сари кӯеи маро девона кард