Ба он рухи ҷилваи хур метавон кард

Ба он лаби кори шукр метавон кард

Гулистонгар зи рӯяти брФрўзд

Чароғ аз ранги гул бар метавон кард

Фиреби бӯса зон лаб метавон хӯрд

Хаёли оби кавсар метавон кард

Тавонгар як гиреҳ зон зулфи бардошт

Ду оламро муаттар метавон кард

Лабати қанди мукаррар метавон гуфт

Суханро зон мукаррар метавон кард

Чу ҷавҳари ғӯта дар хӯн метавон зад

Шино дар оби ханҷар метавон кард

Ба кӯии ишқ рухсорам гувоҳаст

Ки ӣнҷои хокро зар метавон кард

Қиёматгар шаби васл ту бошад

зи ҳиҷрони шиквае сар метавон кард

Ғаразгар қатл файёзаст ҳиҷрон

Чаҳ ҳоҷати фикри дигар метавон кард