Субҳи булбул ба наво бархезад
Гул пай нашав ва намо бархезад
Маза дорад ба саҳари сайри чаман
Пештар зонка сабо бархезад
Нола аз ишқ хуш ояд аммо
На ба навъе ки садо бархезад
Заъфи ғам аз пас мурдан нагузошт
Гирд аз турбат мо бархезад
Чун шавам гарми раҳ ӯ файёз
Дӯд аз обила ҳо бархезад