Касе ба дарди сухани ғайри табъ ман нарасад
Қалами дўосбаҳ ба дод дил сухан нарасад
Расидаам ба мақомӣ ба роҳи каъбаи шавқ
Ки ҳар ки пои талаби бишиканад ба ман нарасад
Матоъи ҷилваи ширини чунон ривоҷӣ ёфт
Ки ғайри ҳасрати биҷо ба кӯҳкан нарасад
зи сӯзани мижаи арзонӣ руфӯ бошад
Шикофи сина , ки то доман кафан нарасад
Умедвори чунонам ки шамъ бо ту агар
Ба лоф ҳамсарӣ ояд ба анҷуман нарасад
Фиреби ҷилваи дунё наме тавон хӯрдан
Ба даст агар расад ин луқма то даҳан нарасад
Зиёни хеш ба аз суди ғайри дони файёз
Дарин қимор ки бурдан ба бохтан нарасад