Ба нозу ғамзаи худ омухтами ҷононаи худ ро

Ба доман тез кардам оташи парвонаи худ ро

На ҷурми чашмасорон буд ва на тақсирӣ аз борон

Ки ман дониста дар оташ фикандам донаи худ ро

На чокӣ дар дил ва на рахнае дар сина , кӯи силӣ ?

Ки натавон дид азин вайронатар вайронаи худ ро

Чаҳ қимати дайну имонро ки дар пои ту афшонам

Ба диндорон бҳл кун ҷилваи мастонаи худ ро

Чароғи хилватами як шаби нгрдидӣ ва май тарсам

зи шамъи ғайр бояд кард равшани хонаи худ ро

Наме оради мизоҷи ишваи тоби гармии ғайрат

Макун таклифи базми дигарон парвонаи худ ро

На тадбир алоҷаш мекунӣ на фикри занҷираш

Дигар хуши сар ба саҳро додае девонаи худ ро

Ба олам нест бади мастӣ ки сархуш нест аз хӯнам

Биёи як дами дарин май зани ту ҳам паймонаи худ ро

Маломат мешуд файёзи ёронро , ҳамон беҳтар

Ки худ гӯйӣ ва ҳам худ бишинавӣ афсонаи худ ро