Зиришки хол ки сӯзад бар он изори сапанд
Чу лола сар занад аз хоки доғдори сапанд
зи чашми захм хазон нест офатии мумкин
Ки ҳаст бар гул рӯй ту навбаҳори сапанд
Ба роҳи васли туами ваъда оташӣ афрӯхт
Ки шуд ба шуълаи он чашми интизори сапанд
зи шавқи шуълаи чунон чеҳра барфурӯхта аст
Ки дар назар накунад фарқӣ аз шарори сапанд
Чаҳ лозимаст зи ман манъи биқрории ман
Дар изтироб куҷо дорад ихтиёри сапанд !
Сиришки шуълаи вшмгар ба чашма сор уфтад
Ҳамеша сар занад азтрФи ҷӯйбори сапанд
Ба ғайр сӯхтанам чора нест дар ғами дӯст
Ки шуъла шӯх мизоҷасту биқрори сапанд
Чунин ки кавкаби доғами фурӯғ бахш афтод
Сазад ки чарх бисӯзад бар ӯ ҳазор сапанд
Миёни оташи ғайрати зи рашки холи рахт
Агар чаҳ сӯхт вале сӯхти шармсори сапанд
Тамоми умри тавон сӯхт аз тапидани дил
Чаро ниҳод бар оташи чунин мадори сапанд
зи табъи дафъи газандам зарар шуд файёз
Ба ҷони нукта шиносон бирав биор сапанд