Ҳар корвон ки роҳ ба кӯй ту сохтанд

Бозорҳо ба Мисри зи буи ту сохтанд

Дар банд дайн намонад кас аз куфри зулфи ту

Занҷирҳо гусаст чу мӯӣ ту сохтанд

Рашк оядам , чаҳ чора кунам ! ошиқӣ балост

Зон муҳаррамон ки роҳ ба кӯй ту сохтанд

Чарху ситора бо дили мо бар наомаданд

То иттифоқ карда ба хуй ту сохтанд

Гули бӯе аз ту дораду боғ аз ту накҳатӣ

Бечораи булбулон ки ба буи ту сохтанд

Ғофил бануш бода ки гетӣ ба ҷам намонад

Сад ҷом хок шуд ки сабуӣ ту сохтанд

Шаҳрии зи ғамзаи ту чу файёз бедиланд

Танҳо маро на ошиқ рӯй ту сохтанд