Шоҳи аҷал ба ҳукми ту фармон равон кунад

Сари хайли фитна ҳар чаҳ ту гӯйӣ чунон кунад

Тоб нигаҳ надораму доғами казин адо

Он бадгумон мабод тағофул гумон кунад

Чун зиҳ кунад камони тағофули нигоҳи ноз

Ҳар ҷо ки ҳаст синаи моро нишон кунад

Фардо ки нотавонии моро кунанд вазн

Мизони хаданги қомати худро камон кунад

Чун арзи печ ва тоб диҳад ҷилваи қадаш

Файёзро тасаввури мӯӣ миён кунад