Тухми дилхоҳи дарин мазраъа кам сабз шавад
Дона айш фишондем ки ғам сабз шавад
Нашъа яъс баландаст набошад аҷабӣ
Тухми умед агар бар сари ҳам сабз шавад
Рангу буии ҳавас аз бум бар дили матлаб
Ин гулӣ нест ки дар боғи ҳарам сабз шавад
Хизмат карда ба нокарда ҳисобаст ӣнҷо
Куштаам тухми вуҷӯдӣ ки адам сабз шавад
Куштагони ту ҳамаи захмӣ шамшер худанд
Сояи теғ дар ин маърака кам сабз шавад
Гиря бар хотири ман гирди кудурати афзуд
Занг бар оина аз касрати ғам сабз шавад
Водии ишқи ту аз бас ки Фтўронгизст
Натавонад ки дар аўнқши қадам сабз шавад
Кардаам манъи дил аммо чаҳ кунам меҳр батон
Тухм шухӣаст ки нокоштаи ҳам сабз шавад
Гар шавад нақши нигини дили нозук чаҳ аҷаб
Сиккаи номи ту бар рӯй дирам сабз шавад
Сояи дасти ту ҳар ҷо ки баҳори ангезад
Дона бухл бакоранд карам сабз шавад
Мо бидон маҷлис олӣ натавонем расед
Бутаи хор , чаҳ дар боғи Ирам сабз шавад !
Тӯҳфаи маҷлиси ҷонон чаҳ фиристам файёз
Ҳам магари ҳарфи ман сӯхтаи дам сабз шавад