Ошиқ ёрем аммо номи ёр мо мапурс

Бенасибон диёрем аз диёр мо мапурс

Баҳр моломол дардему зи соҳил бе насиб

Мо ки по то сар миёнем аз канор мо мапурс

Ишқи моро хок карду хоки мо бар бод дод

Бар мазори мо биё аммо мазор мо мапурс

Мо зи тоб афтодаем аз обу тоб мо магӯ

Мо зи кор афтодаем аз кору бор мо мапурс

Дар таназзули зери бори сояи худ монда ем

Эътибор мо бибину зи эътибор мо мапурс

Сояи прўрдони зулфи шоҳид бахт худем

Рӯзи моро дидае аз рӯзгор мо мапурс

Умрҳо файёзи гирди кӯй ҷонон бӯда ем

Хоки моро серумаи соз ва аз ғубор мо мапурс