Ба гӯши дарди дилами гоҳ гоҳ ме расадаш

Паёми нолау тақрир оҳ ме расадаш

Накарда фарқи з май хӯни ошиқон тифлӣ аст

Фиришта гар нанависад гуноҳ , ме расадаш

Таронаи резии лаълаш ба бода ҷо дорад

Киноясанҷӣ ориз ба моҳ ме расадаш

Ҳар онкии дард дилӣ хонд аз рисолаи ишқ

Ба ҳар чаҳ ҳукм кунад бегувоҳ ме расадаш

Тағофулӣ ки ба файёз мекунад нигаҳаш

Ба сӯй мо накунадгар нигоҳ ме расадаш