Ба ин шухӣ ки дорад паии баҳори ҷилваи рангинаш
Метанати кӯ ки бетобона гардад гирди тамкинаш
Ба доғи биксии ҳаргиз наме сӯзад касеро дил
Ба беморӣ ки ёд дӯст бошад шамъи болинаш
Ба ҷурми лоғарии фитрокаш аз ман сар наме печад
Ҳануз аз мушти хӯнӣ метавонам кард рангинаш
Чаҳ дорад меҳрбониҳо биҷузи номеҳрбонӣ ҳо
Дуъогӯӣ ваем охир ки май тарсами знФринш
Чаҳ шухиҳои фаҳмаст инки чун бар вай ғазал хонам
Ба мадҳи гӯша абрӯ кунад нашунида таҳсинаш
Чаҳ пурвои шикор чун манӣ он чини абрӯ ро
Парӣ дар дом дорад мавҷҳои зулфи парчинаш
Чаҳ мехоҳад зи ҷони ман сари зулфи самани соиш
Чаҳ мегуяд ба хӯни ман кафи дасти нгоринш
Ғуборам дар камӣни изтиробӣ хуфта ме хоҳам
Ки шухӣ ҳо кунад таклифи дўлтхонаҳи зинаш
« раҳе »ро банда шуд файёз аз баси файзи хизмат ҳо
Дар андак муддатӣ гардид хдмтгори деринаш