Бидам бо нолаи булбули дили афсурда Эй дорам
Ба табъам мехӯрд гул , хотири озурда Эй дорам
Нигоҳ гарм мехоҳам ки оташ дар дили афрӯзад
Ки умрӣ шуд дарин хилвати чароғи мурда Эй дорам
Хиромии сӯии ман ҳам эй насими ваъда умрӣ шуд
Ки бар шохи таманнои ғунчаи пажмурда Эй дорам
На об аз Хизр мехоҳам на май аз пери майхона
Кафи хуноба аз доғи дили афшурда Эй дорам
зи кӯтаҳ кардани даст аз сар хон таманнояш
Лабии сад захми дандони надомати хӯрда Эй дорам
Ба дил аз ишваи ҷонон на сабрам монад ва на тоқат
Дарин манзили матоъи сайли ҳасрати барда Эй дорам
Ба зар осон нагардад кор варна ғунча ме донад
Ки ман ҳам аз дили сад пораи мушти хурда Эй дорам
Чаҳ ҳасратҳо азу хӯрдам надоматҳо азуи барадам
Ҳамин бошад ки аз ваии хӯрдае ё барда Эй дорам
На аз дил нола меҷӯшад , на лаби хуноба май нӯшад
Дигар файёзи хуши ҳангомаи афсурда Эй дорам