Умрӣаст ки дар кӯии бало хона надорем

Ганҷем валикини дил вайрона надорем

Нангаст дило сӯхтан аз оташи дигар

Дар ишқи сари мансаб парвона надорем

Охири дами воъизи бикашади оташи мо ро

Хубаст дигар гӯш ба афсона надорем

Мо бекасу кӯён харобот аластем

Ҷое ба ҷуз аз гӯша майхона надорем

Ҳар кас ба ҷаҳон роҳбарӣ дошта аз ақл

Моием ки ғайр аз дил девона надорем

Днётлбон дар гарави хона ва моланд

Мо моли ниндўхтаҳ ва хона надорем

Аз лаъл батон коми дили мо ншкибд

Ҷузи ҳасрати лаъли лаб паймона надорем

Ҳар ҷо ки буд дона буд дом ба роҳаш

Мо дом ниҳодем вале дона надорем

Ин нест ки дар мо набӯд мояи нозаш

Шамъем валикини сар парвона надорем

Фарёдрасони гӯши ндздид ки имшаб

Дар таркиши дили нола мастона надорем

Шаб нест ки дар хилвати ин синаи торик

Бо ёди рухи дӯсти парӣ хона надорем

Мо бо нафаси сӯхта дар зикр ҳабибем

Ин ҳаст ки мо сбҳаҳи сад дона надорем

Дар қуфли фурӯи бастаи ғамҳои дили хеш

Он куҳна калидем ки дандона надорем

Файёзи матоъи сафари охирати хеш

Чизе ба ҷуз аз машраб риндона надорем