Кӣ буд дили з май васли ту саршор кунам
Ғуссаро хӯн кунам ва дар дил ағёр кунам
Тифл мактаб шаваму пеши адиби нигаҳат
Сабақи шикваи ҳиҷрони ту такрор кунам
Таҳи бутаи гиря хӯн гашта ки дар дил гар ҳаст
Гиря бигушоед ва ман пеши ту изҳор кунам
Пой то сари ҳама аз шавқи тамошои рахт
Нигаҳии гирдаму дарюза дидор кунам
Соғари ҳавсила каз бода бедод тиҳӣаст
Бозаш аз талх май нози ту саршор кунам
Ту наҳй лаб ба лаби ханда ва ман аз сари шавқ
Гиряро бар рухи шодии мижа Афшор кунам
Хандаро то ба лаби лаъли ту байнами густох
Сад ҳавасро гиреҳи хотир аФгор кунам
Пар кунӣ нози ту ва кам накунам ман зи ниёз
Кам кунӣ гӯши ту ман гила бисёр кунам
Кӣ буд ҳамраҳи он шӯх чу булбули файёз
Ба кафи ин тозаи ғазал рӯй ба гулзор кунам