Базми ъушрат то зи хӯни дил муҳайё карда ам

Ғуссаҳо ҳал карда ва дар ҳалқ мино карда ем

Ғайри шарҳ биқрорӣ нест дар тӯмори мавҷ

Таҳи бутаи ин номаи сарбастаро во карда ем

Мо зи худ гум гашта будем аз ту то будем давр

Хешро имрӯз дар пеши ту пайдо карда ем

Аз ғубори хотири озурда дар гулзори айш

Мушти хокӣ бе ту дар чашм тамошо карда ем

Мавҷҳо ҳар як ба рангӣ ком мегиранд аз ӯ

Киштии худро сиблати роҳ дарё карда ем

Хӯшаи бандиҳои ком аз кишти зори мо мҷу

Мо гиёҳи хешро бо барқ савдо карда ем

Шҳпри парвози авҷи ҳиммати мо кас надошт

Машқи боли афшонии ин ҷилва танҳо карда ем

Бо ғулувии саркашиҳо душман аз мо эмин аст

Оташем аммо ба хаси аҳд мудоро карда ем

Лиззат овораге кардем то бар халқи фош

Хизрро файёзи саргардон саҳро карда ем