Дило ҳануз умедӣ ба чашм тар дорем

Гумони сад асар аз оҳ беасар дорем

Агар иҷозати оҳии диҳӣ ба қӯти заъф

Умед ҳаст ки худро з хок бардорем

Пас аз шикаст ба соҳил расад сафинаи мавҷ

Шикастаем ва ҳамон бими сад хатар дорем

Дар он чаман ки насим аз ҳарир гул безанд

Паранд нола ба гули дузӣ шарар дорем

Шароб ранг занад мавҷ дар пиёлаи гул

Дар он чаман ки ба ёдат пиёла бардорем

Дарин ҳаво ки сбкрўҳӣ аз насими параст

Димоғӣ аз нафаси гули шукуфта тар дорем

Дарин баҳори ҳавас чун насими лолау гул

Бад-ӣн хушем ки бар мавҷи хӯн гузар дорем

Шабӣ ба базм гушӯдӣ ту ҷайб ва мо аз завқ

Ҳануз оинаи субҳ дар назар дорем

зи заъфи хастаи дилии ҳамчуи нолаи ушшоқ

намерасем ба ҷое , вале асар дорем

Фиреби лутфи забонӣ ӯ махӯр файёз

Ту аз забонаш ва мо аз дилаш хабар дорем