Бар дили рақами ҳасрат ҷоҳӣ накашидем

Аз чашми фалаки ноз нигоҳӣ накашидем

Дрхўн натапидан гунаҳи қотил мо нест

Худро ба сари тир нигоҳӣ накашидем

Худ як тана дар қалби аду рахна фикандем

Дар чашми зафари гирд сипоҳӣ накашидем

Гар ҷони нФшондим ба пояти зи адаб буд

Бар оинаи ҳасани ту оҳӣ накашидем

Сад кӯҳ кашидем ба дӯш аз ҳамаи кас лек

Аз хирмани миннати пар коҳӣ накашидем

Оғӯш ба дӯш ва бар Меҳрӣ нагушӯдем

Хамёза ба лаъли лаб моҳӣ накашидем

Аз сустии толеъ чаҳ бигӯям ки ба як бор

Дил бар сари роҳ чу ту шоҳӣ накашидем

Дар ҷилваи гуҳи нози ту бо ҳасрат бисёр

Кам ҳавсалагӣ буд ки оҳӣ накашидем