Гар на иброҳӣми аҳди худ буд ҷонони ман

Чун кунад ҷо дар дил чун оташи сӯзони ман !

Аз азал карданд дар хунрезии ман иттифоқ

Ханҷарашро ошноиҳост бо мижгони ман

Дарҳам аз ҳамчашмии бахт сиёҳ ошиқаст

Нест бе боиси парешони турраи ҷонони ман

Гар фидо кардам ба роҳати дайну имонро чаҳ ғам

Дайну имонами туе , дайни ману имони ман

Гар чунин файёз аз мижгон таровад сайли хӯн

намешавад расвои олами ҳасрати пинҳони ман