Сари фидои ҷононст , ком ифтихораст ин
Тан ба хок яксонаст авҷ эътибораст ин
Қад чу сарв бустонаст чеҳра чун гулистонаст
Лаби шароби мстонст моя баҳораст ин
Рух чу моҳ тобонаст хат чу мавҷ райҳонаст
Лаб чу об ҳайвонаст турфа шаҳриёраст ин
Хат лаъл менавишт сабзаи биногвашат
Чашмаи сияҳи пӯшат Хизр ошкораст ин
Он ду моҳ рухсораст ё ду акс гулзораст
Венаи ду зулф дилдораст ё ду ҳалқа мораст ин
Ин ду шох марҷонаст ё ду пора ҷонаст
Худ на ин ва на онаст лаъли обдорсти ин
Ҷисми зор файёзаст ё хаёл эъроз аст
Хоки чашм ағрозаст як каф ғубораст ин