Даъват ишқаст инки бор наёбӣ

Иззати ишқи инки эътибор наёбӣ

То ба кафи ишқ , беҳарос чу Мансур

Сар нанаҳй , пои тахт дор наёбӣ

Лангари киштии дил , шикастан киштӣ аст

Тарсам агар нашиканӣ қарор наёбӣ

Васли канори офат сафина мавҷаст

Роҳи ҳамон ба ки барканор наёбӣ

Тарки алойиқ кунун бикун ки ҷавонӣ

Диҷла чу пуртар шавад гузор наёбӣ

Роҳ бирав пеш аз онкӣ роҳ бабанданд

Кор бикун пеш аз онкӣ кор наёбӣ

Тавсани умри ин чунин ки ром ту карданд

Ҳайфи дарин дашт агар шикор наёбӣ

Фурсати умрати савор суръат барқаст

Як ду нафаси гирди ин савор наёбӣ

Дили надиҳади нур бо вуҷӯди алойиқ

Оинаи равшани дарин ғубор наёбӣ

Сояи роҳати мҷуи зи бутаи дунё

Ин гул бехорро з хор наёбӣ

Бо ту бигӯям ҳақиқати назари ақл

Гирд бибинӣ вале савор наёбӣ

Нақд ту гирад айёр агар ду се рӯзӣ

Дар кафи ин нокасон айёр наёбӣ

Аҳли ҳавас то ба хеш бор диҳандат

Дар сафи мардони ишқ бор наёбӣ

Чашми бади рӯзгор дар пай захмаст

Дар назари он ба ки эътибор наёбӣ

Кор кун имрӯзи ихтиёр ки фардо

Дар кафи худ ҳеҷ ихтиёр наёбӣ

Ёри талаби пеш аз онкӣ дар ҳамаи олам

Ёр бигӯе ва ҳеҷ ёр наёбӣ

Ранги ҳаваси биўФост ба ки чу файёз

Дар кафи дасти худ ин нигор наёбӣ