Илоҳии обу ранги шуълаи даҳ мушти гули мо ро
Намакзор табассум кун лаби захми дили мо ро
Мабод осеби тадбири гушоиши раҳ дарав ёбад
Ба чини ҷабҳаи хубон гиреҳ кун мушкили мо ро
Мукаррар шуд ба як одат тапидан бим оромаст
Навиди изтироби тозае даҳ бсмли мо ро
Дили дониши фиреби мо ҳануз аз ақл май лофад
Азин як пардаи ҳам девона тар кун оқили мо ро
Гиёҳи мотам аз сарчашмае умедҳо дидаст
Ба барқи ноумедиҳо сӯзони ҳосили мо ро
Ба хӯни худ рақам дар маҳзари шамшер ӯ кардем
Ки каси рӯзи ҷазо доман нагирад қотили мо ро
Шафоати хоҳи мо файёз агар меҳр батон бошад
Тавонад дар назари ҳақи вонмўдни ботили мо ро