Ҷудо аз ман баҳри каси хостии меҳр ва вафо кардӣ

Маро аз доми худ сар додӣ ва худро раҳо кардӣ

Чаҳ кардӣ бемурувват беҳақиқат бевафо бо ман

Ки дар домами даровардӣ ва бо домам раҳо кардӣ

Чаҳ мегӯям ? зи завқи он чунон васлам баровардӣ

Чаҳ май пурсӣ ? баҳоли ин чунинам мубтало кардӣ

Вафоу меҳрбонӣ ном кардӣ коми душман ро

Ситам бар меҳрбонӣ , бар вафодорӣ ҷафо кардӣ

Бар ғами ман биҷой ғайр кардӣ ҳар чаҳ биҷо буд

Кунун он чашми ҳам дорӣ ки гӯям ман баҷо кардӣ !

Хато бошад гумони ҷузи савоб аз дилбарон аммо

Савобаст инки мегӯям хато кардӣ хато кардӣ

Ту ҳам тарафии нбстигар маро расво баровардӣ

Маро бадном кардӣ лек худро бевафо кардӣ

з ман гиранд ( дору ) ъшқбозони ту , ҳикмати байн

Ки дарди як ҷаҳони ушшоқро аз ман даво кардӣ

Бадал бо душманам кардӣ дареғ аз қадрдонӣ ҳо

Чаҳ даллолӣ ки оташро ба хокистар баҳо кардӣ !

Шукр ҳар ҷо ки мебинад магас ночор биншинад

Чаро бо ғайри лабро бо табассум ошно кардӣ

Ба пешам менишастӣ бо рақибам ваъда ме кардӣ

Туро бешарм чун гӯям марои ҳам беҳаё кардӣ

Аҷаб расм навасту тарзи нав бо меҳрбонӣ ҳо

Ки бо ман ваъда ҳо кардӣ ва бо душман вафо кардӣ

Нигаҳбонати зи бад чун сояи бол ҳумо будам

Маро аз сари гумон дардисар кардӣу вокрдӣ

Накардӣ коҳилӣ то гирдам аз ҳастӣ баровардӣ

Фалакро чашм равшан шуд ки хокам тўтё кардӣ

Ба ман ҷодӯгариҳои ту , ин айём зоҳир шуд ,

Пас аз омезиш аз ҳам ширўи шукрро ҷудо кардӣ

Ту файёзи ин ғазал фармӯда гуфтӣ лек ме донам

Ки дар дил доштӣ ҳарфии бад-ӣни тақрйв адо кардӣ