Дилам аз ғусса ранҷураст имшаб

Зтн осоишам давраст имшаб

Бихоҳад оҳам аз гардуни гузаштан

Камон нола пурзӯраст имшаб

Ба чашми моҳи майли серумаи оҳ

Кашам чндонкаҳ мақдӯраст имшаб

зи оғӯши хаёлами чашми бади давр

Ки осоишгаҳ ҳураст имшаб

Ту эй носеҳи димоғ худ маранҷон

Шикебе змн давраст имшаб

Ҷаҳон тангаст бар ман чун дили мӯр

Марои гӯйӣ шаб гӯраст имшаб

Ду олам тира шуд файёзи гӯйӣ

Чароғи моҳ бе нураст имшаб