Бе лабати соғар меоб надорад имшаб

Шамъ дар маҷлиси мо тоб надорад имшаб

Дил надонам ки дигар дар чаҳ хаёласт ки боз

Ашк дар дидаи мо хоб надорад имшаб

Мавҷи тӯфони баладу ваъдаи соҳили наздик

Киштем лангар гирдоб надорад имшаб

Шамъ рӯй ки барафрӯхта ёрб ! ки фалак

Ранг бар чеҳра маҳтоб надорад имшаб

Аз сиришкам на ҳамин панҷаи мижгони ҷгрист

Ин ҳино , кист ки дар об надорад имшаб

Тират аз паҳлавии мо пой кашидаст ки дил

Такя бар бистар санҷоб надорад имшаб

Хабарӣ ҳаст ки ашкам на чу ҳар шаби файёз

Панҷа дар панҷа симоб надорад имшаб