Ҳон эй сабо ки бохабарӣ аз ниёзи мо
Як субҳдам ба гулшани он кӯ хиром кун
Чун дод коми дили диҳӣ аз хоки бӯсяш
Аз хӯни мо ба хок дар ӯ салом кун
Онгоҳ аз забони шикваи ҳиҷрони бедилон
Ҷуръат агар надорӣ аз он дил ба вом кун
Гӯи брФрўзи чеҳраи Лутфӣ ба имтиҳон
Озодагони олами дилро ғулом кун
Ҷон бар лаби интизори хиром ту ме кашад
Аз ним ҷилваи кори шаҳидон тамом кун
Розии зи турраи ?ут ба раҳоӣ наме шаванд
Фикрӣ дигар ба ҳоли асирон дом кун
Донем дил ба меҳри асирон наме диҳӣ
Бо мо ба кӣна бош вале меҳр ном кун
Бигушо лабӣ ба саҳари ҳалоли табассумӣ
Эъҷозро ба лаъли масеҳо ҳаром кун
Дил бе каманди зулфи ту аз хеш ме равад
Девонаро ба ҳалқаи занҷир дом кун
Холӣаст ҷои лутфи ту дар сайргоҳи мо
Ҷое хушаст ъушрати моро тамом кун
Дар офтоби водии ҳиҷр ту сӯхтем
эй абри соя бар сари мо мустадом кун
Бурдор як ду гоми бароаи вафоӣ , ту
То рӯзи ҳашари меҳру вафоро ғулом кун
Моием боғи хушк ва туе абри навбаҳор
Моро биҳишти соз ва ту дар вай мақом кун
Дилро ҳавои васли ту комӣаст ногузир
Гӯи тарк сар бигир ва магӯ тарк ком кун
Вари ҳамчуи шуълаи саркашӣ аз сар наме наҳй
Парвона гӯ бисӯз ҳамон фикр хом кун