Биёмад ба шабгири дастури шоҳ
Ҳаме кард кӯдак ба майдони сипоҳ
Яке ҷомау чеҳру болои яке
Ки пайдо набад ин азон андакӣ
Ба майдон ту гуфтӣ яке сур буд
Миёни андаруни шоҳи шопӯр буд
Чу кӯдак ба захм андар оварад гӯй
Фузӯнии ҳамеи ҷуст ҳар як бадавӣ
Биёмад ба майдони пагоҳи Ардашер
Танӣ чанд аз вижагони ногузир
Нигаҳ кард ва чун кӯдаконро бидид
Яке боди сард аз ҷигар баркашид
Ба ангушт бинмуд бо кадхудоӣ
Ки омад яке Ардашерӣ ба ҷой
Бадв роҳбар гуфт кои подшо
Дилат шуд ба фарзанди худ бар гувоҳ
Яке бандаро гуфт шоҳи Ардашер
Ки рӯи гӯии эшон ба чавгон бигир
Ҳаме бош бо кӯдакони тоза рӯй
Ба чавгон ба пеш ман андоз гӯй
Азон кӯдакон то ки ояд далер
Миёни саворон ба кирдори шер
зи дидори ман гӯии беруни барад
Азин анҷумани кас ба кас нашимурд
Буд бе гумони поки фарзанди ман
зи тухм ва бару поки пайванди ман
Ба фармони бшди бандаи шаҳриёр
Бузади гӯйу аФгнди пеши савор
Давони кӯдакон аз пай ӯ чу тир
Чу гаштанди наздик бо Ардашер
Бимонаданд ноком бар ҷои хеш
Чу шопӯри гирд андар омад ба пеш
зи пеши падари гӯии брбўду барад
Чу шуд даври мари кӯдаконро супурд
зи шодӣ чунон шуд дили Ардашер
Ки гардад ҷавон мардум гашта пер
Саворонаш аз хок бардоштанд
Ҳамеи даст бар дасти бгзоштнд
Шҳншоаҳ зон пас гирифташ ба бар
Ҳаме офарин хонд бар додгар
Сару чашм ва рӯйиш бабўсед ва гуфт
Ки чунин шигифтӣ нишоед наҳуфт
Ба дили ҳаргизи ин ёд нагузоштам
Ки шопӯрро куштаи пиндоштам
Чу яздони маро шаҳриёрӣ фузуд
зи ман дар ҷаҳон ёдгорӣ фузуд
Ба фармон ӯ бар наёбӣ гузар
Вагар бартари ореи зи хуршеди сар
Гуҳари хост аз ганҷу динори хост
Гиронмояи ёқӯт бисёр хост
Бирав зару гавҳар басӣ рехтанд
Зибри машку анбари басӣ бехтанад
з динор шуд торакаши нопадид
зи гавҳар касе чеҳра ӯ надид
Ба дастур бар низ гавҳар фишонд
Ба курсии зари пайкараши брншонд
Бубахшед чандон варои хоста
Ки шуд коху айвонаши ороста
Бифармуд то духтари Ардавон
Ба айвон шавад шоду равшани равон
Бубахшед карда гуноҳи варо
зи зангори бздўди моҳи варо
Биоварад фарҳангёнро ба шаҳр
Касе кӯи з фарзонагӣ дошт баҳр
Навиштан биёмухташ паҳлавӣ
Нишаст сарафрозӣу хусравӣ
Ҳамон ҷангро гирд карда Аннан
зи боло ба душмани намӯдани синон
з май хӯрдану бахшишу кори базм
Сипаҳ ҷустану кӯшиши рӯзи разм
Вазони пас дигар кард мехи дирам
Ҳамон мехи динор ва ҳар беш ва кам
Ба як рӯй бади номи шоҳи Ардашер
Ба рӯй дигар номи фаррухи вазир
Гарони хори бади номи дастури шоҳ
Ҷҳондидаҳи мардии намояндаи роҳ
Навиштанд бар номаҳо ҳам чунин
Бадв дод фармону меҳру нигин
Бубахшед ганҷӣ ба дарвеши мард
Ки хӯрдаш набӯдӣ ба ҷузи коркард
Нигаҳ кард ҷое ки бади хорстон
Азў кард хуррами яке шорстон
Куҷо гндшопўр хондӣ варо
Ҷузин номи номии нрондии варо