Дили зоғбор пок хоҳам кард

Лашгари ғам ҳалок хоҳам кард

Хӯни дилро з дида хоҳам рехт

Синаи баҳри ту пок хоҳам кард

Аз тараби боз қисса хоҳам гуфт

Ғуссаро ғусса нок хоҳам кард

Чики чики кабоби дил то кӣ

Синаро чок чок хоҳам кард

Зон лабу чашм маст хоҳам шуд

Ҳалқа дар гӯш ток хоҳам кард

Оқибати ҷон бўсл хоҳам дод

Бар сари ҳиҷр хок хоҳам кард

Баҳри он то наҷот ёбад файз

Хештанро ҳалок хоҳам кард