Соқӣ қадаҳӣ биор саршор

То ҳар ду кашем май бикбор

Аз даст шавем ҳар ду бо ҳам

Як маст шавем мо ду ҳушёр

Танро бидиҳему ҷбаҳ бар сар

Аз сар барраему бори дастор

Гирдем дамии зи хеши бихўд

Бошем дамии зи худ хабардор

Икрнг шавем дар ғами ҳам

То ғами шодӣ ва гул шавад хор

То тани ҳама ҷон шавад дринраҳ

То ҷон ҷонон шавад дарин кор

То аз ман ва ту асар намонад

Ҷуз ӯ набӯд касе дарин дор

Ҳам худ бо хеш ишқ бозад

Ҳам худ бошад хешро ёр

На ишқ бимонад ва на ошиқ

Монад маъшӯқи пок аз ағёр

эй файзи ту аз миёна бархез

То парда баруфтад аз рухи ёр