Дилро ибрати азин ҷаҳони бас
Ҷонро ирфони ҷони ҷони бас
Сарро савдои ишқи ҷонон
Аз лиззатҳои ҷовдони бас
Чашму гӯшу забону дил ро
Қуръону ҳадису шарҳи он бас
Танро халқону қурси ноне
Аз неъматҳои ин ҷаҳони бас
Онкўи розӣ ба ин набошад
ӯро ранҷу ғами равони бас
Олӯдаи маъсият чу шуд нафас
Иқрору инобату фиғони бас
Онро ки бсбр чора созад
Беруни зи ҳисоби аҷри он бас
Он муъмини солеҳи алъамал ро
Фирдавсу Наими ҷовдони бас
Чун файзи аниси ҷон чу хоҳӣ
Ёди ҷонони аниси ҷони бас