Ҳарфи бегонагии ёри ғалат буд ғалат
Сухани даврӣу озори ғалат буд ғалат
Ошно буд вафодор ва ба дилҳо наздик
Ғайри ин дар ҳақи он ёри ғалат буд ғалат
Рости он буд ки мисатон ғамаш ме гуфтанд
Сухани мардуми ҳушёри ғалат буд ғалат
Ёр бо мост на давраст на бекори зи мо
Он суханҳои дили озори ғалат буд ғалат
Ҳарчӣ гуфтем ва шунидем ба ӯ буд ва аз ӯ
Тӯҳмати суҳбати ағёри ғалат буд ғалат
Ҳасан ӯ буд ки бар рӯй батон ҷилва намӯд
Ҳасани ағёри ҷФокори ғалат буд ғалат
Ишқ ӯ буд ки оташ ба дил ва ҷон ме зад
Ишқи хубони ситамкори ғалат буд ғалат
Умр онаст ки бо дӯст сарояд эй файз
Ҳар чаҳ кардем ҷузи ин кори ғалат буд ғалат