На ман имрӯз ба дили нақши хаёлати бастам

Рўзгорист ки аз бодаи ишқати мастам

Кардам олӯда ба май ҷомаи тақвоу салоҳ

Оҳгар домани пок ту нагирад дастам

Нисбати қади ту бо сарв санавбар кардам

Пеши чашми ту зи кӯтаҳи назариҳо бастам

Бастами ин аҳд ки паймонаи кашӣ тарк кунам

Боз дар аҳди ту паймони шикан он бишикастам

Мӯҳтасиби баҳри худо ҳеҷ магӯ бо худ бош

Ки ман аз рӯзи азал ончӣ намудем ҳастам

На ман имрӯз шудам ошиқу паймонаи параст

Аз дами субҳи азал то ба қиёмати мастам

Файз то чанд ба занҷир хирад бошад банд

Шукри ллаҳ ки девона шудам ворстм