Агар оҳии кашам дарё бисӯзам
Вагар шурӣ кунам дарё бисӯзам
Шавад дили шуъла чун бар ёди рўӣӣ
Шавам тани шамъу сар то по бисӯзам
Кунам ҳарчанд пинҳони оташи ҷон
Миёни анҷуман пайдо бисӯзам
Хушам бо сӯхтан дар оташи ишқ
Бҳли томн дар ин савдо бисӯзам
Дар онҷо ҳар ки бошад ҳар чаҳ бошад
Бисӯзад зи оташам ҳарҷо бисӯзам
Кунамгар иқтибосии зи оташи қудс
Вуҷӯди хеши сар то бисӯзам
Наёрам тоб ё орм надонам
Таҷаллӣ кунам бисозам то бисӯзам
На ман монад на мо монад чу оӣӣ
Биё то бе ман ва бе мо бисӯзам
Туро хоҳам марогар ту нахоҳӣ
Таҷаллӣ бештар кун то бисӯзам
Бисӯзад зоҳиру ботини зи сӯзам
Агар пайдо вагар пинҳон бисӯзам
зи сӯзи ҷон агар ҳарфӣ нивисам
Варақро србср якҷо бисӯзам
Чу файз ар дами занам аз оташи дил
Забону ком бо лабҳо бисӯзам