Нест чу ман вопасӣ дар ҳамаи вопасон

Чу нест ман биксӣ дар ҳамаи биксон

Вопасӣ ман бибин биксӣ ман бибин

Ҳмрҳит карда пас пешравони вопасон

Ҳам ту диҳии неъмат ва ҳам ту тамомаш кунӣ

Раҳ ту намӯдӣ марои ҳам ту бмнзли расон

Дар ҳама дидам басӣ ҳеҷ надидам касе

Кард равонами малул дидан ин нокасон

Нест дарин дайри кас то шавадам ҳам нафас

Ҳамнафаси ман ту бош эй ту каси биксон

То ки намирад дилам аз нафаси сарди ғайр

Нафхаи гарм аз дамат дам бидамам мерасон

Ғайри худои ҳечкас мӯниси ҷон ту нест

Даст таваққуъ бикаш файзи зи хайри касон