эй давои дард бе дармони ман

Марҳами доғи дили бирёни ман

эй ки ҳам ҷонӣ ва ҳам ҷонони ман

эй ки ҳам динӣ ва ҳам имони ман

Дар ғами ту бесар ва сомон шудам

Ҳам сар ман бош ва ҳам сомони ман

hзи сар ҳар ду ҷаҳони брхўостм

То ту ҳам ин бошӣ ва ҳам он ман

Хону монам гӯ бирав дар роҳи ту

Бас буд ишқи ту хону мони ман

Ганҷи меҳр худ наҳодӣ дар дилам

Кардӣ ободи ин дили вайрони ман

Маҳв кун буд ва набудам тоз файз

Он ту монад намонад он ман