эй худо шармандаам аз касрати эҳсони ту
Шарм бар шармам фазояд чун кунам исёни ту
Гар ббхшоӣии гуноҳони маро аз фазли худ
Оби гирдам аз хиҷолат бар дар ғуфрони ту
Вари ҳисоб ман кунӣ эй вои ман эй вои ман
Кӣ тану ҷони ман оради тоқати нирони ту
Гоҳ гӯям шояд ин зарра наёяд дар ҳисоб
Чун кунам бо зарра дорад кор дар устони ту
Ҳарчӣ ҳастам аз туами баҳри туам эй бе ниёз
Мазҳари қаҳри туам ё мазҳари ғуфрони ту
Ҳарчӣ дорам аз ту дорам худ чаҳ дорам ҳеҷ ҳеҷ
Нситми ман ҷузи бадии мустағриқи эҳсони ту
Файзро ҳад саноят нест маъзӯраш бидор
Кист ӯ ё чист ӯ то дам занад дар шани ту
Кӣ тавон аз ӯҳдаи шукри ту берун омадан
Шукри неъмати неъматии дигар буд аз хон ту