Ба худо агар ба файзат асарӣ расад зи файзат
Гузарад зи осмонҳо бадаради ҳиҷобҳо ро
Сабо ба лутф бигӯ хатми оли тоҳо ро
Ки фурқати ту ба зорӣ бсухт дилҳо ро
Қарори хотири мо ҳам ту метуоне шуд
Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додае мо ро
Буруни хироми зи мағриб ки тира шуд офоқ
зи расм хеш бигардон тулӯъи Байзо ро
Биёи биё ки ҳузури ту мурда зинда кунад
зи осмон ба замин оварад масеҳо ро
Намонад сабру сукӯни баъд аз ин ба ҳеҷ дилӣ
Ба васл гул бирасон булбулони шайдо ро
Хуши он замон ки ба нури ту роҳ ҳақ сипарем
Тариқу манзилу мақсад яке шавад мо ро
Наад ба пои ту сари файз ва ҷон кунад таслим
Гузашти қатраи зи мастӣ чу дид дарё ро