Бахти сияҳ ба кини ман , чашми сиёҳи ёри ҳам
Ҳодиса дар камӣни ман , фитнаи рӯзгори ҳам
Аз мижаи тарки масти ман саф зада бар шикасти ман
Кор бишуд зи дасти ман , чораи назми кори ҳам
Соқӣ аз ин мақом шуд , субҳи нишот шом шуд
Хоби хушам ҳаром шуд , бодаи хуши гўори ҳам
Тори тараб гусаста шуд , пои талаб шикаста шуд
Роҳи умед баста шуд , чашми умедвори ҳам
Тоири тир хӯрдаам , раҳ ба чаман набарда ам
Фасли хазон фусурдаам , мавсими навбаҳори ҳам
Заҳр ситам чашидаам , бор ?илам кашида ам
Ранҷи фироқ дидаам , меҳнати интизори ҳам
эй зада роҳи дайни ман , шоҳид дил нишин ман
Чашми ту дар камӣни ман , ғамзаи ҷони шикори ҳам
Шоди зи ту равони ман , зинда ба бӯати ҷони ман
Зикри ту бар забони ман , махфӣу ошкори ҳам
эй бути дили писанди ман , ҳар сари мӯати банди ман
Кокули ту каманди ман , турраи тоби дори ҳам
Лаъли ту барқи хирманами зулфи ту тавқи гарданам
Ваа ки ба фикри куштанам , муҳраи фитода , мори ҳам
Дӯши фурӯғӣ аз маӣ ёфта ҷонами огаҳӣ
Каз пай ӯ ба ҳар раҳе дил бишуду қарори ҳам