Ман бандаи онам ки бабўсад даҳани ту

Ваз ҳар даҳанӣ нашунӯд алои сухани ту

Тарсам ба ҷунун кор кашад аҳли хирад ро

Дар силсилаи зулфи шикан бар шикани ту

Андешаи мардуми ҳама аз шӯри қиёмат

Ташвиши ман аз қомат ошиқ фикан ту

Шояд ки шавад ранг ба хӯни дили ширин

Ҳар теша ки бар санг занад кӯҳ кун ту

Булбули хаҷал аз замзамаи мурғи дили ман

Гули мунфаил аз ғунчаи шохи чамани ту

Ҳар тоири хуши нағма ки дар боғ биҳишт аст

Ҳасрат кашад аз боғи гулу ёсумани ту

Аз фахр наад по ба сари Юсуфи мисрӣ

Ҳар дил ки дар афтода ба чоҳи зқни ту

Пайдост ки ҳаргиз наниҳад рӯй ба беҳбуд

Захми дили ушшоқи зи машки хутани ту

Баси ҷомаи тоқат ки бар андоми фурӯғӣ

Гардӣда қабо аз ҳаваси перҳани ту