эй фитнаи дастпарвар чашми сиёҳи ту

Аҳли назари нишонаи тири нигоҳи ту

Донеи кадоми соли сроид ба фаррухӣ

Солӣ ки бугзарад ба рухи ҳам чу моҳи ту

Ман ошноат донам ва ту ғайр хонем

Фарёд аз яқини ману иштибоҳи ту

Як раҳи пас аз ҳалок ба хокам гузор кун

эй хӯни ман ба рӯзи ҷазои узрхоҳи ту

Инаст агар қарори ту дар ҳақи ошиқон

Тарсам ба ҳеҷ нома нагунҷад гуноҳи ту

Сари сабзи гашти боғи рахт аз баҳори хат

Яъне фузуд меҳри дилам аз гуноҳи ту

Ёрб чаҳ хусравӣ ки ба як ҷунбиши назар

Тасхир кард ҳар ду ҷаҳонро сипоҳи ту

Ҳар гуҳ ба сад киришмаи парӣ вор бигузарӣ

Бар чашми худ фиришта кашад хоки роҳи ту

То ҷилва ту дид фурӯғӣ ба чашми дил

Берун нарафт ҷони вай аз ҷилваи гоҳи ту