Соқии дили наргиси Шаҳлои ту
Мастии ҷон аз май минои ту
эй зи сари зулфи чилипои ту
Аҳли ҷунуни силсила дар пои ту
Синаи ниҳодам ба дами теғи ишқ
Дидаи кушодам ба тамошои ту
Чист балои дили соҳиби дилон
Ҷилваи болои дили орои ту
Сарв кунад бо ҳамаи озодагӣ
Бандагии қомати раънои ту
Бохтаам аз паии як бӯсаи ҷон
Ёфтаам қимати колои ту
Пардаи барандоз ки натавон намӯд
Қатъи назар аз рухи зебои ту
Пои нкшм аз сари кӯии умед
То надаҳум ҷон ба таманнои ту
Ҷон фурӯғӣ нарасад бар мурод
То наравад бар сари савдои ту