Шудам ба майкадаи соқии марои надоди шаробӣ

Фиғон ки чашмаи раҳмат назд бар оташами обӣ

Дили гирифтаи ман во нашуд зи ҳеҷ баҳорӣ

Даҳони ғунчаи ман тар нашуд зи ҳеҷ саҳобй

Нишастам аз сари зулфаш вале ба рӯзи сиёҳӣ

Гузаштам аз бар чашмаш вале ба ҳоли харобӣ

Агар на бо лаб ва чашмаш фитод кори ту эй дил

Пас аз барои чаҳ охир ҳамеша бехуру хобӣ

Агар чаҳ ҷон ба лаб омад валикин аз лаби ҷонон

Намӯдаем суолӣ , шунидаем ҷавобӣ

Чунон ба рӯзи ҷазо хаста будам аз шаби ҳиҷрон

Ки илтифот накардам ба ҳеҷ гӯнаи азобӣ

зи бас ки сайди ҳақирам , ндўхтнд ба тирам

Набарди номи марои ҳеҷ кас ба ҳеҷ ҳисобӣ

Тамом шаҳр надорад гуноҳкортар аз мо

Ки ғайрати хизмат риндон накардаем савобӣ

Назар ба ҷониб шоҳон намекунӣ зи такаббур

Магар ки бандаи шоҳаншаҳи сипеҳри ҷанобӣ

Сутӯдаи носрдини шаҳи хдоигони сухани дон

Ки ҳар касе ба мдиҳш рақам намӯд китобӣ

Фурӯғӣ аз ғами даврӣ заруратаст сабурӣ

Вале дареғ ки дар дил намонда тоқату тобӣ